Ҳамлагари ПСЖ Килиан Мбаппе пас аз тамдиди шартномааш бо парижиҳо ба дастаи «Реал Мадрид» муроҷиат кард.
«Ман ба «Реал Мадрид» ва президент Флорентино Перес миннатдорь баён мекунам. Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби чунин клуби олӣ пазиро шудам. Ман ноумедии шуморо мефаҳмам. Ман аввалин мухлиси шумо дар финали Лигаи чемпионҳо, дар Париж, дар хонаи худ хоҳам буд. Хеле хушҳолам, ки метавонам дар Фаронса, кишваре, ки дар онҷо таваллуд, ба воя расида ва ба камол расидаам, пешрафтро идома медиҳам. Ва ин ба ман имкон медиҳад, ки ба орзуҳои худ расиданро идома диҳам”,- гуфтааст Мбаппе.
Ёдовар мешавем, ки Мбаппе шартномаашро бо ПСЖ то соли 2025 тамдид кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳамлагари фаронсавӣ ба "Реал Мадрид" мегузарад.