LIVE

Перес ба мухлисони “Реал” чӣ ваъда кард?

Президенти “Реал Мадрид” - Флорентино Перес ба мухлиси клуб ваъда дод, ки соли оянда ҳамлагари “Пари Сен-Жермен” - Килиан Мбапперо ба Мадрид даъват хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, пас аз бозии даври 7 -уми Ла Лига бо “Вилярреал” (0:0), яке аз мухлисони “Реал” ба назди - Флорентино Перес шитофт ва фарёд зад: "Президент, ба Мбаппе имзо кунед!"
Сардори клуби шоҳона ба мухлис ҷавоб дод: "Соли оянда".
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2022 шартномаи Мбаппе бо ПСЖ ба охир мерасад. Интизор меравад, ки ҳамлагар шартномаро тамдид накунад ва ба “Реал Мадрид” гузарад. Аммо мадридиҳо рақиби ҷиддӣ хоҳад дошт. "Манчестер Сити" низ дар талши ба даст овардани ҳамлагари фаронсавь мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив