LIVE

Мбаппе: ман ба ПСЖ кӯмак мекунам то соҳиби ҷоиза шавад

Килиан Мбаппе бо ПСЖ то соли 2025 шартномаи нав баст. Баъд аз тамдиди қарордод ҳамлагари 23 сола назарашро чунин баён намуд. 
"Ман мехостам мавсимро ҳамчун беҳтарин нишонзан ва беҳтарин ассист дар Лига як ба анҷом расонам ва муваффақ шудам. Тамдиди шартнома бо ПСЖ хеле хуб аст, зеро ин маънои онро дорад, ки ман дар мавсими оянда дар даста боқӣ мемонам. Муҳимтар аз ҳама ман ба даста кӯмак мекунам то соҳиби ҷоизаҳои зиёд шавад”. гуфтааст Килиан Мбаппе.
Ҳамлагари 23-солаи фаронсавӣ дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати ПСЖ дар тамоми мусобиқаҳо 46 бозӣ анҷом додааст. Вай 39 гол ва 21 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив