LIVE

"Ливерпул" новобаста аз натиҷаи финали ЛЧ роҳпаймоии қаҳрамонӣ ташкил мекунад

«Ливерпул»-и Англия роҳпаймоии қаҳрамониро ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи расмии даста.

Ҷашнгирӣ рӯзи 29 май дар Ливерпул, як рӯз пас аз бозии ниҳоии Лигаи Чемпионҳо баргузор мешавад, ки дар он шогирдони Юрген Клопп бо "Реал Мадрид" бозӣ мекунанд. Новобаста аз натиҷаи мубориза барои қаҳрамонӣ дар Англия ва пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳо, «Ливерпул»  соҳибшавиии Ҷоми кишвар ва Ҷоми Лигаи Англияро ҷашн мегирад. Ҳамзамон дар ин роҳпаймоӣ «Ливерпул» автобус бо футболбоздухтаронро ба намоиш мегузорад.

Баъди 37 даври бозӣ, мерсисайдҳо дар ҷадвали Премйер-Лигаи Англия дар мавсими 2021/2022 дар ҷойи дуюм қарор доранд. Сурхпӯшон 89 хол гирифтаанд. «Манчестер Сити» бо 90 имтиёз пешсаф аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив