LIVE

Қаҳрамони Англия дар даври охирин муайян мегардад

Қаҳрамони Премйер-Лигаи Англия дар мавсими 2021/2022 дар даври 38-ум муайян хоҳад шуд.

«Манчестер Сити» пас аз 37 давр бо 90 имтиёз дар садри ҷадвали ПЛА қарор дорад. «Ливерпул» низ бо 89 имтиёз шонси қаҳрамонӣ дорад. Дар даври ниҳоии чемпионати Англия «Манчестер Сити» бо «Астон Вилла» ва «Ливерпул» бо «Вулверхэмптон» бозӣ мекунанд. Ҳарду вохӯрӣ 22 май баргузор мешавад.

«Манчестер Сити» агар дастаи  Стивен Ҷеррардро шикаст диҳад, қаҳрамон мешавад.  Агар холҳо баробар шаванд, дастае, ки фарқи бештари голҳоро дорад, унвони қаҳрамониро соҳиб мегардад. Баъд аз 37 давр «Манчестер Сити» ба дарвозаи рақибон 96 гол зада, ба дарвозаи худ 24 гол сар додааст. "Ливерпул" бошад, 91 гол зада, 25 голро аз дарвозаи худ гузаронидааст. Агар «Манчестер Сити» аз «Астон Вилла» мағлуб шавад ва «Ливерпул» бар «Вулверхэмптон» ғалаба кунад, ҷом насиби мерсисайдҳо мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив