LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар CAFA-2022 аз тими Ӯзбекистон (U-16) шикаст хӯрд

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври чоруми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе аз тими то 16 солаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар бозии дигари ин марҳила наврасони эронӣ бар тими Афғонистон  ғолиб омаданд - 1:0.

Ғолиби чемпионати  CAFA-2022 миёни наврасон дар даври ниҳоӣ рӯзи  20 май муайян хоҳад шуд. Дар ин рӯз мунтахаби Қирғизистон бо Ӯзбекистон (18:00) ва Тоҷикистон бо Эрон (21:00) вомехӯранд.

 
Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 4-ум

Ӯзбекистон — ТОҶИКИСТОН — 2:0

Эрон — Афғонистон — 1:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив