LIVE

Довари бозии «Ҳосилот» ва «Саройкамар» муҷозот карда шуд

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон шикояти тими «Саройкамар»-ро дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон бо дастаи «Ҳосилот», ки рӯзи 7-уми май дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи  Фархор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт, баррасӣ кард. 
Кумитаи доварони ФФТ пас аз тамошои сабти видеоии бозӣ тасмим гирифт, ки голи «Ҳосилот» ба дарвозаи тими «Саройкамар» дар дақиқаи 75-уми вохӯрӣ дуруст буд.
Дар дақиқаи 85-уми бозӣ довари марказӣ Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе) ба дарвозаи «Ҳосилот» иштибоҳан пеналти таъйин накард, ки ин ба натиҷаи вохӯрӣ таъсир расонд.
Бар асоси ин, Кумитаи доварони ФФТ барои нақзи Кодекси интизомии довар тасмим гирифт, ки Сафаралӣ Маҳмадизодаро аз ҳаққи доварӣ дар 3 даври бозиҳои таҳти сарпарастии ФФТ доиршуда маҳрум кунад.
Илова бар ин, Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров) нозири доварони бозии «Ҳосилот» – «Саройкамар» барои баҳои ғайримуносиби довари марказӣ барои шаш давр аз нозироти тамоми мусобиқоти ФФТ озод карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив