LIVE

Довари бозии "Равшан К" - "Равшан З" ҷазо дода шуд

Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари канории бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқовро аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард.
Ёвари дуюми довари марказии бозии чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқов (Душанбе) барои сатҳи доварӣ тибқи банди 2.3.-и зербанди 2 (гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш)-и Кодекси интизомии доварони ФФТ бо қарори Департаменти доварон ва нозирони ФФТ дар ду давр аз ҳаққи ҳакамии ҳама мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив