LIVE

Сар аз мавсими 2010/2011 бори аввал "Ювентус" бидуни ҷоиза мемонад

12 май финали Ҷоми Италия байни «Ювентус» ва «Интер» баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи Олимпикои Рим бозӣ карданд ва  нераззурриҳо пурқувваттар баромаданд - 4:2.

Дастаи Массимилиано Аллегри дар ин мавсим дигар барои ягон ҷоиза талош намекунад. «Ювентус» барои аввалин бор аз мавсими 2010/2011 бе ҷоиза мемонад.

Қаблан дастаи туриниҳо дар марҳилаи 1/8 финал аз Лигаи чемпионҳо хориҷ шуда, дар ду бозӣ аз «Вилярреал»-и испанӣ (1:1, 0:3) мағлуб шуда буд. «Ювентус» дар бозӣ барои Суперҷоми Италия аз «Интер» шикаст хӯрд (1:2) ва туриниҳо имкони ғолибият дар  скудетторо аз даст доданд.

Пас аз 36 бозӣ «Ювентус» бо 69 имтиёз дар ҷои 4-ум дар ҷадвали чемпионати Италия қарор дорад. Милан дар ҷои 1-ум мавқеъ гирифтааст.. «Россонери» 80 хол доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив