LIVE

"Ювентус" бо Пирло хайрихуш кард

"Ювентус" сармураббии худро иваз кард, хабар медиҳад Sky Sport Italia.
Тибқи иттилои манбаъ, туриниҳо мураббии ҳозира Андреа Пирлоро ба истеъфо равона намуда, Массимилиано Аллегриро бармегардонад. Шартнома миёни мураббӣ ва клуби мазкур то субҳ имзо хоҳад шуд.
Аллегри пас аз истеъфо аз “Ювентус” дар 2019 бекор буд. "Ювентус" - ро мутахассиси итолиёвӣ аз соли 2014 сарварӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ дастаи Турин панҷ маротиба қаҳрамони Италия шуд, чаҳор Ҷом ва ду Суперҷоми кишварро ба даст овард ва инчунин ду маротиба ба финали Лигаи Чемпионҳо баромад. Дар тӯли фаъолияти худ Аллегри бо дастаҳои “Милан”, “Каляри”, “Сассуоло”, “Удинезе”, СПАЛ-ро кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив