LIVE

Симеоне доимо "Атлетико"-ро ба ЛЧ мебарорад

"Атлетико"-и Мадрид пас аз пирӯзӣ бар "Элче" ҳуқуқи ширкат дар Лигаи чемпионҳо барои мавсими ояндаро ба худ таъмин кард.

Қобили зикр аст, ки мадридиҳо дар тамоми даҳ мавсим, ки дастаро Диего Симеоне сарварӣ мекунад, ба беҳтарин мусобиқаи бошгоҳии аврупоӣ роҳ меёбад.

11 май, дар варзишгоҳи "Мануэл Мартинес Валеро"-и Элче, дар доираи даври 36-уми Ла лигаи Испания дар мавсими 2021/2022 "Элче" дастаи "Атлетико Мадрид"-ро қабул кард. Мехмонон ба хисоби 2:0 ғалаба карданд.

Пас аз 36 даври бозӣ "Атлетико" бо 67 имтиёз дар ҷои севум дар ҷадвали чемпионати Испания қарор дорад.

«Атлетико» се бор ба финали Лигаи Чемпионҳо баромадааст (1974, 2014, 2016), вале ҳеҷ гоҳ соҳиби Ҷом нашудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив