LIVE

Месси ва Неймар ҳатто довталаби беҳтарин бозигар нашуданд

Лионел Месси ва Неймар ба рӯйхати довталабони унвони беҳтарин бозигари мавсим дар Лигаи 1 шомил нашуданд.

Лигаи 1 дар сомонаи расмии худ номзадҳоро барои унвони беҳтарин бозигари мавсими 2021/22 эълон кард. Ба рӯйхати довталабон ҳамлагари "ПСЖ" Килиан Мбаппе ва ҳамлагари «Монако» Виссам Бен Йеддер, инчунин нимҳимоятгарон Димитри Пайет («Марсел»), Лукас Пакета («Лион») ва Мартин Терйер («Ренн») шомил шудаанд.

Ғолиб 15 май эълон хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳамлагарони  ПСЖ Лионел Месси ва Неймар аз рӯйхат берун монданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив