LIVE

Роналду ва Неймар ҳатто ба 100-гона шомил нашуданд

CIES Football Observatory  рейтинги гаронарзиштарин футболбозони 5 лигаи бонуфузи Аврупоро, ки айни замон ҳунарнамоӣ доранд, нашр кард. Дар садри ин  раддабандӣ ҳамлавари бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» Маркус Рашфорд қарор дорад. CIES Football Observatory Рашфордро  165,6 млн евро қимат мондааст. Ба сегона форварди «Боруссия Д» Эрлинг Ҳолланд бо  152 млн евро ва ҳимоятгари «Ливерпул» Трент Александер-Арнолд бо 151,6 млн евро шомил шудаанд. Ҳамлагари “Пари Сен-Жермен”  Килиан Мбаппе, ки садрнишини  рейтинги   қаблӣ буд, айни замон дар зинаи 5-ум ҷо шуд 
Форварди  «Барселона» Лионел  Месси дар мақоми 97-ум қарор гирифт. Криштиану Роналду аз «Ювентус» ва  Неймар аз тими «Пари Сен-Жермен» ҳатто ба 100 гона дохил нашуданд. 

Топ-10 

1. Маркус Рашфорд («Манчестер Юнайтед») — € 165,6 млн
2. Эрлинг Холанд («Боруссия» Дортмунд) — € 152 млн
3. Трент Александер-Арнолд («Ливерпул») — € 151,6 млн
4. Бруну Фернандеш («Манчестер Юнайтед») — € 151,1 млн
5. Килиан Мбаппе («Пари Сен-Жермен») — € 149,4 млн
6. Ҷейдон Санчо («Боруссия» Дортмунд) — € 148,3
7. Жоау Фелиш («Атлетико») — € 141,5 млн
8. Алфонсо Дэвис («Бавария») — € 139,2 млн
9. Раҳим Стерлинг («Манчестер Сити») — € 136,9 млн
10.Кай Хавертс («Челси») — € 136 млн. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив