LIVE

«Моҳир» пешсафи Лигаи дуюм

Дастаи "Моҳир"- и ноҳияи Ёвон бо ба даст овардани 24 имтиёз пешсафии худро дар ҷадвали мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон нигоҳ дошт. Тими"Кӯшон"-и ноҳияи Кӯшониён бо 20 имтиёз ва дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо 13 имтиёз дар зинаҳои дуюм ва сеюм мебошанд. 
Ҳамзамон, дастаҳои «Барқ»-и шаҳри Норак, «Сарбанд»-и шаҳри Левакант ва «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминобод дар ҷадвали мусобиқот дар зинаҳои охирин қарор доранд.
Натиҷаи бозиҳои даври 10-ум:
"Шоҳин" - "Кӯшон" 1:2
"Вахши Зарнисор - "Сарҳадчӣ" 4:1
"Пахтакор" - "Арал" 5:3
"Сарбанд" - "Моҳир" 0:3
"Хуросон" - "Ҳосилот" 3:2
"Чашма" - "Барқ" 3:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив