LIVE

Гвардиола дар мавриди мушкилоти кадрии дастааш гуфт

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола дар мавриди мушкилоти ҳайаташ пеш аз бозии аввали даври  1/2 финали Лигаи Чемпионҳо бо «Реал» чунин изҳори назар намуд. 
“Кайл Уокер 10 рӯзи охир тамрин накардааст. Ҷон Стоунз низ аз замони бозӣ бо “Брайтон” рӯзи 20-уми апрел тамрин накардааст. Пас, ман намедонам, ки онҳо ба майдон мебароянд ё на. Биёед бубинем, ки онҳо то лаҳзаҳои охир чӣ гуна худро ҳис мекунанд”
Бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо «Манчестер Сити» - «Реал» имрӯз, 26 апрел дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и Манчестер баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив