LIVE

Муҳофизатгари «МЮ» то охири мавсим худро табобат мекунад

Ҳимоятгари дастаи «Манчестер Юнайтед» Люк Шоу баъд аз  ҷарроҳӣ мавсимро барвақтар ҷамъбаст мекунад.  
Футболбози 26-сола ҳафтаи гузашта ҷарроҳӣ шуд, аммо барқароршавӣ суст аст, хабар медиҳад. Эҳтимол меравад, ки ҳимоятгар дар ин мавсим дигар ба дастааш кӯмак карда наметавонад. 
Қаблан сармураббии Юнайтед Ралф Рангник гуфта буд, ки пой Шоу соли 2015 аз ду ҷой шикаста буд, ҳамакнун ҳамон осебҳо дигарбора аз худ дарак додаанд ва бозигар худро хуб эҳсос намекунад. 
Шоу барои хориҷ кардани ду винте, ки 7 сол қабл табибон дар пой шикастаи ӯ гузошта буданд, болои мизи ҷароҳӣ мехобад ва футболбози 26-солаи Англия бояд пас аз ду то се ҳафта ба майдон баргардад, аммо табобати он то охири мавсим идома мекунад. 
Шоуи 26-сола ба «Манчестер Юнайтед» соли 2014 аз «Саутгемптон» омада буд. Дар мавсими ҷорӣ ҳимоятгари инглис дар 20 бозии чемпионати кишвар ширкат варзида, се партофти головар кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив