LIVE

Шикасти "Реал" аз "Челси" дар бозии ҷавобӣ

Дар бозии ҷавобии даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2021/2022 дастаи “Реал Мадрид” тими “Челси”-ро қабул кард.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и Мадрид  баргузор шуда, бо пирӯзии дастаи лондонӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.  Дар дақиқаи 15-уми вохӯрӣ нимҳимоятгари «Челси» Мейсон Маунт ҳисобро кушод.  Дар дақиқаи 51-ум ҳимоятгари дастаи «Челси» Антонио Рюдигер шумораи голҳои меҳмононро дучанд кард.  Дар дақиқаи 63-юм ҳимоятгари «Челси» Маркос Алонсо тӯби сеюмро ба дарвозаи «Реал Мадрид» равона кард, вале довар голро лағв кард, чунки расиши тӯбро ба қайд гирифта.  Дар дақиқаи 75-ум ҳамлагари лондониҳо Тимо Вернер ҳисобро 3 бар 0 намуд.  Пас аз панҷ дақиқа, ҳамлагари “Реал”-и Мадрид Родриго пас аз интиқоли нимҳимоятгари  Лука Модрич як гол зад. Дар дақиқаи иловагӣ Бензема ба натиҷаи ин бозии ҷолиб нуқта гузошт.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал “Реал” дар варзишгоҳи “Стэмфорд Бриҷ”-и Лондон (Англия) бар тими “Челси” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.  Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид” ба даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт ва “Челси” ин мусобиқаро тарк кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив