LIVE

Ҷейк Ҳардинг кист ва чаро Роналду ӯ-ро мекобад?

Намояндагони дастаи “Манчестер Юнайтед” ва ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бо хонаводаи писарбачаи маълул Ҷейк Ҳардинг, ки телефонашро бозигар шикаста буд, тамос гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки баъди бозии даври 32-юми Премйер-Лигаи Англия «Эвертон» - «Манчестер Юнайтед» (1:0) Роналду телефони як мухлиси тими ливерпулиро шикаст. Вақте ки португалӣ аз майдон берун мешуд, мухлис ба хотири гирифтани акс телефонашро дароз кард ва Роналду аз бохти дастааш дар ғазаб буд ва бо як зарба  телефонро зада шикаст.  Роналду дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори узрхоҳии худро нашр кард ва модари Ҳардинг Сара Келли гуфт, ки бозигар барои ҳалли ҳолати ба миён омада бо онҳо тамос нагирифтааст. Ҷейк гирифтори бемории аутизм ва диспраксия мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив