LIVE

Намояндагони Роналду бо "Реал", "ПСЖ" ва "МЮ" тамос гирифтанд

Намояндагони ҳамлагари "Ювентус" Криштиану Роналду бо як қатор клубҳои беҳтарин дар тамос буданд.  
Намояндагони футболбози португалӣ бо "Пари Сен-Жермен", "Реал Мадрид" ва "Манчестер Юнайтед" тамос гирифта, муайян намудаанд, ки имзои Роналду ба нақшаҳои трансферии онҳо мувофиқат мекунад ё не. Ҳамзамон, гуфтушунид бо "Ювентус" барои тамдиди шартнома идома дорад. Роналду  гумон аст, ки қабл аз анҷоми чемпионати Аврупо тасмим бигирад, ки клуби Туринро тарк кунад.
То ба итмом расидани шартнома миёни Роналду ва "Ювентус" як сол мондааст. Роналду аз соли 2018 дар дастаи "Ювентус" -и Турин фаъолият мекунад ва ба клуби итолиёвӣ аз "Реал Мадрид" ба маблағи 117 миллион евро пайваст. Ӯ дар мавсими 2020/2021 29 гол зада, беҳтарин нишонзан дар Серияи  А шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив