LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз дастаи Ӯзбекистон шикаст хӯрд

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи “В” аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд. Аз ҳайати дастаи мо голҳоро Дилшод Саломов ва Файзалӣ Сардоров заданд

Ҳамин тариқ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи футзали Тоҷикистон чаҳор имтиёз ба даст овард. Тими миллии Афғонистон 1 хол дошта, як бозии доирнакарда дорад. Фарқияти тӯбҳо аз Тоҷикистон +7, аз Афғонистон -4 аст. Баромадани тими мо ба Ҷоми Осиё-2022 аз натиҷаи бозии дигари гурӯҳи «В» миёни дастаҳои Афғонистон ва Непал, ки соати 13:00 оғоз мешавад, вобаста аст.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
Ӯзбекистон — ТОҶИКИСТОН — 5:2
Голҳо: Хусниддин Нишонов, 6 (1:0). Дилшод Саломов, 11 (1:1). Даврон Чориев, 20 (2:1). Дилшод Раҳматов, 23 (3:1). Акбар Усмонов, 32 (4:1). Файзалӣ Сардоров, 34 (4:2). Даврон Чориев, 40 (5:2).
12 апрел. Бишкек. Маҷмааи варзишии «Газпром-Арена».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив