LIVE

Роҳбарияти "МЮ" фаворити худро ба вазифаи сармураббӣ интихоб кард

Роҳбарияти «Манчестер Юнайтед»  сармураббии  «Аякс»  Эрик тен Ҳагро фаворити асосӣ барои мақоми сармурабӣ медонад.  Дар ин бора The Telegraph хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сарони «Манчестер Юнайтед» ин тасмимро пас аз мусоҳиба бо голландӣ гирифтаанд. Намояндагони «девҳои сурх» инчунин бо сармураббии «ПСЖ» Маурисио Почеттино ва дигар номзади номаълум сӯҳбат кардаанд. Манкунииён нақша доранд, ки бори дигар бо номзадҳо мулоқот кунанд ва баъдан тасмим бигиранд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки довталабони вазифаи сармураббии бошгоҳи "Манчестер Юнайтед"  ҳамчунин Хулен Лопетеги ва Луис Энрике мебошанд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив