LIVE

Томас Тухел дар бораи гузаришаш ба “МЮ” ҳарф зад

Сармураббии бошгоҳи «Челси» Томас Тухел дар бораи вазъ дар клуб сухан гуфт ва ба овозаҳо дар бораи гузаштан ба «Манчестер Юнайтед» назарашро чунин байён кард.
«Дарвоқеъ, ман ба овозаҳо таваҷҷуҳ намекунам. Дар айни замон сабабҳои зиёде ҳастанд, ки ман бояд боқӣ монам.  Борҳо гуфтам, ки дар ин клуб кор кардан ба ман маъкул аст. Ман аз рӯзи аввал дастгирии бузургро ҳис мекунам. Ин маро маҷбур мекунад, ки худ дар шароити хуб эҳсос кунам ва тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам, то ба даста фоида орам.
Мутаассифона, «Челси» ба вазъияти душвор дучор шуд ва дигар клубҳо аз ин манфиат мехоҳад.  Биёед бубинем, ки баъд чӣ мешавад. Ин замонҳои ноором ҳастанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тухел яке аз номзадҳои асосие ба вазифаи сармураббии «Манчестер Юнайтед» маҳсуб мешавад. Ҳамчунин сармураббиёни «ПСЖ» ва «Аякс» - Эрик тен Хаг ва Маурисио Почеттино низ имкон доранд, ба мақоми сармураббӣ интихоб шаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив