LIVE

Салоҳ ба Қатар намеравад. Ӯ ҳатто пеналтиро зада натавонист

Сенегал Мисрро дар зарбаҳои пеналтӣ шикаст дод ва ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 роҳ ёфт.
Бозии ҷавобӣ бо Миср бо пирӯзии Сенегал дар вақти асосӣ бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро дар ин бозӣ Булайе Диа дар дақиқаи 3-юми бозӣ ба ҳадаф расонд.
Бозӣ ба вақти изофӣ гузашт. Дастаҳо дар вақти иловагӣ гол зада натавонистанд. Аз ин рӯ, ғолибро силсилаи пеналтӣ муайян кард. Чор зарбаи аввал ба самар нарасид. Аз ҷумла, зарбаи  пешвои мисриён Муҳаммад Салоҳ хато хӯрд. Нокомии Салоҳ шариконро низ дилсард кард. Сенегал тавонист зарбаҳои навбатии худро амалӣ созад, аммо Миср ҳамагӣ як гол зад.
Сенегал барои севумин бор дар таърих дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив