LIVE

Чор корти сурх ва як гол: натиҷаи рақобати Тоҷикистон бо Қирғизистон

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ишғоли зинаи сеюми ифтихорӣ дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрӣ намуданд. Дидори дастаҳо бо нишондоди ҷаҳор корти сурх ва як гол ба анҷом расид. Ниммуҳофизатгари мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 54-уми дидор, тавассути зарбаи 11 метра ҳисобро боз намуд ва ин гол тақдири вохӯриро низ ба суди шогирдони мутахассиси сербӣ - Петр Сегрт хотима бахшид. Ёдовар Мешавем, ки дар ҳайати тими миллии кишвари мо Мануҷеҳр Сафаров (22 дақиқа) ва Ваҳдат Ҳанонов (85 дақиқа )  кори сурх гирифтанд.  Довари марказ ба ду тан аз бозигари мунтахаби Қирғизистон низ корти сурх нишон дод. 
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоӣ «Ҷоми Наврӯз-2022» соати 19:00 яккачинҳои Ӯзбекистон бо Уганда андари майдони рақобат мегарданд.

Next Post

Комментарии 1

sultonsho от 30 марта 2022 11:00
Бовар кун ин бозиро тамошо кардам гамгин шудам Чаро ки баъди голи задаи хамватанонамон дигар дар чехраи онхо кайфияти бозиро надидам. Харчанд ки онхо аз харифони киргиз як нафар зиёд Бози мекарданд аммо дар чехраи футболбозони МО ноумеди,дилсарди, ва хастаги дида мешуд.
Бузургвор гуфтааст, ки дусад Марди чанги бех аз сад хазор Кариб, ки хамон 9 нафари киргиз Моро маглуб мекард.Тамрин бояд кард,бозихои дустона бояд анчом дод шерони ватан Ба Пеш!!! 

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив