LIVE

Бензема беҳтарин нишонзан дар байни бозигарони фаронсавӣ шуд

Ҳамлагари фаронсавии тими «Реал Мадрид» Карим Бензема дар байни футболбозони фаронсавӣ беҳтарин нишонзани ҳама давру замон гардид. Ин муваффакиятро = баъд аз он сощиб шуд, ки дар бозии даври 28-уми чемпионати Испания бо «Малйорка» (3:0) дубл  кард. Ҳоло Карим дар фаъолияти футболбозии хеш 413 гол задааст, ки ин нишондод дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарин аз миёни бозигарони фаронсавӣ беҳтарин дар таърих маҳсуб мешавад. Дар зинаи дуюм Терри Анри қарор дорад, ки аллакай бо 411 гол ба нафақа баромадааст. Ёдовар мешавем, ки Бензема дар бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо 2021/2022 бо дастаи ПСЖ (3:1) хет-трик кард. Дар ду бозӣ ин ҳамлагар ба задани 5 гол даст ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив