LIVE

Неймар хабари муноқишааш бо Донаруммаро рад кард

Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Неймар хабареро, ки вай гӯё дар бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо бо  «Реал Мадрид» (1:3) бо дарвозабони бошгоҳ Ҷанлуиҷи Доннарумма моҷаро карда бошад, рад кард.

Неймар дар Instagram-и худ сӯҳбат бо Доннаруммаро дар WhatsApp нашр кард.

Доннарумма хабари ҷанг карданашонро ба Неймар фиристода, навиштааст: "Эй Ней, бубахш аз дирӯз ин хабар қобили қабул нест".
Ҳамлагари бразилӣ ба ӯ чунин посух дод: “Дӯсти ман! Чунин ҳодисаҳо  дар футбол рӯй медиҳанд."

Неймар рӯзноманигоронро ҳам танқид кард.

"Ман аз сӯҳбат дар бораи хабар нафрат дорам... аммо ин паёми қаблӣ дурӯғ аст. Дар утоқи либосивазкунӣ ягон ҷанҷол набуд! Рӯзноманигорони ноухдабаро кӯшиш мекунанд, ки худро таблиғ кунанд. Шояд дафъаи оянда, хуб?",- навиштааст  Неймар дар инстаграми худ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки байни Неймар ва Доннарумма муноқиша сар зада, қариб ба занозанӣ табдил ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив