Ҳамлавари «Пари Сен-Жермен» - Неймар баъд аз бохт дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоӣ Лигаи Чемпионҳо аз клуби «Боруссия» (1:2) кори дастаашро зери тозиёнаи танқид қарор дод.
«Баъд аз 4 бозии пайдарҳам ба майдон набаромадан рақобат бароям мушкил шуд, аммо ин гуноҳи ман нест. Ин хулосаи клуб ва табибони вай аст. Мо бисёр ҳарф задем ва ин кор ба ман писанд наомад. Ман мехостам бозӣ кунам, зеро худро хуб эҳсос мекардам, аммо даста тарсид ва он ба ман таъсирашро гузошт, гуфтааст Неймар».
То дидор бо «Боруссия» - Неймар дар се бозии Чемпионати Фаронса ва як дидори Ҷоми кишвар ба майдон набаромада буд.