LIVE

Ҳарри Кейн аз Терри Анри пеш гузашт

«Тоттенхэм Хотспур» бо «Эвертон» вохӯрд. Бозии даври 28-уми Премйер-Лигаи Англия дар варзишгоҳи «Тоттенҳэм Хотспур»-и Лондон баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 5:0 анҷом ёфт.

Ҳамлагари англисии «Тоттенҳэм» Ҳарри Кейн дар ин дидор ду гол ба самар расонид, ки ин ба бозигар имкон дод, то дар феҳрасти нишонзанҳои беҳтарин дар таърихи Премйер Лига ба ҷои шашум барояд. Яъне аз Терри Анри пеш гузашт. Дар маҷмуъ Кейн ҳоло дар Премйер Лига 176 гол дорад. Алан Ширер бо 260 гол дар садри ин феҳрист қарор дорад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Тоттенхэм» мехоҳад бо Кейн шартномаро, ки то соли 2024 ба охир мерасад, тамдид кунад. Сармураббии "Тоттенхэм" Антонио Конте ҳамлагарро ситораи асосии лоиҳа медонад. Аммо тасмими Кейн аз трансферҳо ва ба Лигаи Чемпионҳо рафтани "Тоттенхэм" вобаста хоҳад буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив