LIVE

Жуан Феликс "Ювентус"-ро ноком кард

Рақобатҳои тиҷоратии Ҷоми байналмилалии бошгоҳҳо низ ба итмом расиданд. Дар бозии ниҳоии ин мусобиқаи дӯстона дастаҳои “Ювентус” ва “Атлетико” майдондорӣ карданд. Набарди тимҳо дар шаҳри Стокголми Шветсия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди мадридиҳо ба анҷом расид. Ҳанӯз дар дақиқаи 24-уми дидор ҳамлавари ҷавони 126 миллионаи “Атлетико” - Жуан Феликс ҳисобро боз кард. Баъд аз гузора шудани 5 дақиқа Сами Хедира натиҷаро баробар кард. Дар дақиқаи 33-юми бозӣ боз Жуан Феликс голи дуюми худро ба самар расонида, Роналду ва ҳамдастагонашро хафа кард. Ёдовар мешавем, ки Жуан Феликсро дар мунтахаби Португалия ҳама вориси Криштиану Роналду ном мебаранд.



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив