LIVE

Дар Душанбе "Бозии ситораҳо" доир мешавад

Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ дар шаҳри Душанбе рӯзи 6 март дар чаҳорчӯби иқдоми Созмони Милали Муттаҳид “Бартараф кардани хушунат алайҳи занону духтарон” мусобиқаи намоишии ситораҳо баргузор мешавад.

Дар бозӣ ҳузури бозигарони маъруф ба мисли Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Ятимов, Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Шервонӣ Мабатшоев ва дигарон дар назар аст.

Дар ҳайати футзалбозон Хуршед Маҳмудов, Шерзод Ҷумаев, Файзалӣ Сардоров, Муҳаммад Шарифов ва дигарон бозӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бозии ситораҳо 6-уми март дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (маҳаллаи 46-ум) баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад. Даромад ба маҷмааи варзишӣ ройгон аст. Ҳамаи мухлисонро ба бозӣ даъват мекунем!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив