LIVE

Неймар дар 10 солагиаш имкон дошт, ки бозигари "Реал" шавад

Ҳамлагари тими Бразилия ва ПСЖ Неймар гуфт, ки дар синни даҳсолагиаш ӯро "Реал Мадрид" ба системаи худ даъват карда буд.
"Вақте ки ман 10-сола будам, "Реал Мадрид" маро ба санҷиш  даъват кард. Ман ба ҳаяҷон омадам, хеле шод будам. Дар он ҷо ман бояд як ҳафта боқӣ мемондам, то худро нишон диҳам, аммо кори ман дар онҷо аз чор-панч рӯз зиёд давом кард".
Баъдан ман хонаамонро хеле пазмон шудам ва мехостам баргардам. Ҳама чиз барои он омода буд, ки дар "Реал Мадрид" бозӣ кунам", аммо он вақт ман зиёд дар Мадрид истодан нахостам, чунки дур аз зодгоҳ ва шаҳру волидайнам зиндагонӣ кардан мушкил буд", гуфтаст  Неймар. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив