LIVE

Бейл:"Ман ба "Реал" бармегардам"

Нимҳимоятгари дастаи "Тоттенхэм" – Гарет Бэйл, ки ба дастаи «Реал Мадрид» тааллуқ дорад, эълон кард, ки ба дастаи шаҳри Мадрид бармегардад.
- Ҳеҷ чиз маро аз бозӣ дар тими миллӣ парешон намекунад. Сабаби асосии имсол ба «Тоттенхэм» гузаштанам, футболбозӣ аст. Ин ҷо ба хонаи аввалам омадам. Ман мехостам, ки раванди бозиро пеш аз Евро-2020 ҳис кунам. Нақшаи ман ин аст, ки мавсимро дар «Тоттенхэм» гузаронам ва пас аз Евро ба «Реал» баргардам ва соли дигар дар он ҷо бозӣ кунам. Ман бармегардам, - гуфт Бейл.
Шартномаи амалкунандаи футболбози уэлсӣ бо «Реал Мадрид» тобистони соли 2022 ба итмом мерасад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки сармураббии мадридиҳо – Зинедин Зидан ба бозгашти Бейл шадидан мухолифат кардааст. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгари 31-сола дар Премйер-Лига 12 бозӣ баргузор намуда, 5 гол  ва 2 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив