LIVE

Писарбачаи тоҷик шомили Академияи «Реал Мадрид» шуд

Зафари Баҳруллозода — дарвозабони бомаҳорати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) фаъолияти варзишии худро дар Академияи «Реал Мадрид»-и шаҳри Бекобод идома медиҳад. То ин вақт ӯ дар Академияти ФФТ воқеъ дар дараи Алмосӣ тамрин менамуд. Зафар дар Академияи «Реал Мадрид» аз санҷиши мутахассисони испонӣ бо муваффақият гузашт. Умед мекунем, ки Зафар дарвозаи беҳтарин дастаҳои дунё ва мунтахаби Тоҷикистонро ҳимоя карда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад. Зафари Баҳруллозода писари мухлиси ашадии футболи тоҷик Баҳрулло Шарифов мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив