LIVE

Панҷ голи футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон

Мунтахаби то 15 солаи Тоҷикистон аввалин бозии худро дар доираи мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо мунтахаби Қирғизистон доир намуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-ум Абубакр Сулаймонов боз намуд. 6 дақиқа пас Абубакр Сулаймонов голи дуюми худро ба ҳадаф расонид.  Дар оғози нимаи дуюм бозингарони тими Қирғизистон қоидаро дар дохили ҷаримагоҳ вайрон карданд. Пеналтиро Амирхон Ҷалолов ба гол табдил дода, ҳисоби бозиро 3:0 кард. Дар дақиқаи 70-уми вохӯрӣ Зарифи Азиз бартарии соҳибони майдонро бештар намуд. Билол Бобоев аз иштибоҳи дағали дарвозабони қирғиз Адилет Абдураимов истифода намуда, голи панҷуми мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистонро вориди дарвоза намуд. Ҳамин гуна мунтахаби наврасони то 15-солаи  Тоҷикистон аввалин вохӯриашро дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо ғалабаи бузурги 5:0 хотима дод.     

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив