LIVE

ПСЖ аз як ҷоизаи мавсим маҳрум шуд

Дар варзишгоҳи «Парк де Пренс»-и Париж (Фаронса) дар бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Фаронса дастаҳои ПСЖ ва “Нитса” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи меҳмонон хотима ёфт. Онҳо дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 6:5  ғалаба карданд.
Тайи 8 соли охир ин бори аввал аст, ки ПСЖ натавонист, то ба финали Ҷоми Фаронса барояд. Соли 2014 таҳти роҳбарии Лоран Блан онҳо дар даври 1/16 ниҳоӣ аз “Монпелйе” шикаст хӯрда буданд. Дар фосилаи солҳои 2015-2021 “шоҳзодаҳои Париж” 7 бор ба финал баромада, танҳо як дафъа соли 2018 аз Ренн шикаст хӯрданд.
ПСЖ дар таърихи худ бештар аз дигарон 14 маротиба барандаи Ҷоми Фаронса гаштааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив