LIVE

Дар финали Ҷоми Италия кӣ ғолиб шуд?

«Наполи» аз ҳисоби иҷрои силсилазарбаҳои 11 метра бар тими «Ювентус» дастболо шуда, барандаи Ҷоми Италия дар мавсими солҳои 2019/20 гардид. Бозии финалии Ҷоми Италия миёни «Наполи» ва «Ювентус» дар варзишгоҳи "Олимписки"-и шаҳри Рим баргузор шуда, бидуни задани гол хатм шуд. Дар баробари анҷоми вақти асосии бозӣ довар силсилазарбаҳои 11 метра таъин гардид.  Дар пеналтизанӣ футболбозони «Наполи» бо ҳисоби 4:2 зафар ёфтанд. «Наполи» дар таърихи фаъолияти худ бори шашум аст, ки Ҷоми Италияро ба даст меорад. «Ювентус», ки аз ҳама бештар 13 маротиба ин ҷомро соҳиб шудааст, соли дуюм аст дар финал шикаст мехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив