LIVE

Шикасти навбатии мунтахаби бонувони футзали Тоҷикистон дар CAFA-2022

Даври чоруми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон анҷом ёфт. Муддаиёни асосӣ баҳри медали тилло мунтахабҳои Эрону Ӯзбекистон сазовори пирӯзии навбатӣ шуданд.  
Дар даври чорум мунтахаби Тоҷикистон аз яккачини Ӯзбекистон бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд. Бо чунин натиҷа бонувони эронӣ ҳамтоёни худ аз Қирғизистонро ноком намуданд.
Мунтахаби Эрон бо чор пирӯзии пайиҳам ва 12 хол садрнишини ҷадвал буда, мунтахаби Ӯзбекистон нуҳ хол дорад. Мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон бошанд, дар ҳисоби хеш танҳо як холӣ доранд.
То анҷомёбии чемпионати CAFA-2022 дастаҳоро зарур аст, ки ду бозии дигар доир намоянд. Аллакай дар даври навбатӣ ду дастаи пештоз – мунтахабҳои Эрон ва Ӯзбекистон ба ҳам меоянд, ки номи дастаи қаҳрамони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувон маълум мешавад.
Қобили қайд аст, ки нахустин чемпионати CAFA оид ба футзал байни мунтахабҳои бонувон дар таърих дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.  Ин чемпионат аз рӯи системаи даврӣ  дар ду давр гузаронида шуда,  ҳар як даста шаш бозӣ мегузаронад. Дар доираи мусобиқа бошад, дувоздаҳ бозӣ гузаронида мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи ҳолҳои ба дастоварда маълум мегардад. 
Даври 4-ум  
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Нилуфар Қудратова, 14 (1:0). Нозимахон Эргашева, 20 (2:0). Мафтуна Шоимова, 23 (3:0). Нозимахон Эргашева, 27 (4:0). Уғулой Қучқорова, 35 (5:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Нозимахон Эргашева (Ӯзбекистон).

Эрон – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Саҳар Попӣ, 5 (1:0). Фатемеҳ Раҳматӣ, 6 (2:0).  Саидэҳнастаран Моҳимифарзӣ, 14 (3:0). Фаришта Каримӣ, 32 (4:0). Сара Ширбегӣ, 33 (5:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Фаришта  Каримӣ (Эрон).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив