LIVE

Алексей Ларин сеюмин бозигари "Истиқлол" аст, ки ба сафи АГМК мепайвандад

Собиқ бозикуни Украинии "Истиқлол" - Алексей Ларин ҳамроҳ бо дастаи "Чернорморетс"-и кишвари худ, машқу тамрин дорад.
Тибқи маълумотҳо, қарордоди ҳамкорӣ миёни бозикун ва "Истиқлол" ба итмом расидааст. Ва ҳатто рӯзҳои ахир аз таваҷҷӯҳи дастаи "АГМК" Ӯзбакистон ба ин футболбоз низ гуфта мешуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ду тан аз бозигари калидии "Истиқлол"-и Душанбе - Алишер Ҷалиов ва Андрей Мишенко ба ҳайати тими "АГМК"-и ҳамсоякишвар пайвастанд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки "Истиқлол" имсол низ дар бозиҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо ширкат меварзад ва ба футболбозони соҳибистеъдод ниёз дорад.  Ду бозигари хориҷии "Истиқлол" Андрей Мишенко ва Алексей Ларин дар ғалабаҳои дастаашон нақши муҳим доштанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив