LIVE

Аввалин голи Алексей Ларин «Истиқлол»-ро соҳиби ҷом кард

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо то лаҳзаҳои охир бидуни гол сурат гирифт ва дар сониаҳои охирини вақти иловагии бозӣ ба бозигарони дастаи “Истиқлол” имкон фароҳам омад, ки тӯбро вориди тӯри дарвозаи “Хатлон” созанд.  Ягона голи ин вохӯриро легионери украинии “Истиқлол” -  Алексей Ларин дар дақиқаи 94-уми дидор ба самар расонида, пирӯзии дастаашро таъмин кард. Ҳамин тавр дастаи “Истиқлол” маротибаи шашум ба гирифтани Ҷоми ФФТ даст меёбад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив