LIVE

Натиҷаи даври 21-уми Лигаи олӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии сафарии даври 21-уми чемпионати Тоҷикистон бар дастаи «Истаравшан» пирӯз гардида, пешсафии худро дар ҷадвал мустаҳкам намуд. Голи ягонаро дар ин дидор дар дақиқаи 51-ум пас ҳолати стандарти Алексей Ларин ба нишон расонд. Вохӯрии ояндаи худро “Истиқлол” 3 октябр доир менамояд. Дар ин рӯз пешсафи чемпионат дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Хуҷанд”-ро қабул менамояд.

Чемпионати Тоҷикистон
Даври 21-ум

«Истаравшан» - «Истиқлол»- 0:1
Гол:   Алексей Ларин, 51 (0:1).

«Хатлон» – «Равшан» – 2:1
Голҳо: Овусу Обед, 10 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 65 (1:1). Парвиз Баки-Ахунов, 90+4 (2:1).

«Эсхата» – «Файзканд» – 0:1
Голҳо: Н’Ди Лукас Кевин, 54. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив