LIVE

Мусовии "Истиқлол" бо "Тараз" дар Туркия

Бошгоҳи “Истиқлол”-и ш.Душанбе, ки айни замон барои машқҳои дастаҷамъӣ дар Анталияи Туркия қарор дорад, бозии якуми санҷишии худро  бо дастаи “Тараз”-и Қазоқистон доир намуд.   Рақобат бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.  Голҳои Истиқлолро   Манучеҳр Ҷалилов ва Рустам Соиров  вориди дарвозаи  Тараз гардонд.  Алексей Ларин бошад, муаллифи  автогол гардид. 

Бозии санҷишӣ
“Истиқлол”-“Тараз”- 2:2
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 12 (1:0). Алексей Ларин, 35 ба дарвозаи худ (1:1). Рустам Соиров, 62 пеналти (2:1). Педру Эужениу, 82 (2:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив