Ҳимоятгари канори рости "Барселона" Дани Алвес калонсолтарин футболбоз дар таърихи Эл-класико гардид. Шоми чоршанбе ин бразилӣ дар Эл-класико дар синни 38 солу 251 рӯзагияш ҳунарнамоӣ кард. Алвес рекорди собиқ дарвозабони «нилунориҳо» Хосе Пинторо, ки ҳангоми 38 солу 159 рӯзагияш бозӣ карда буд, бекор намуд.