LIVE

Рекорди Икер Касилясро бекор карданд

Сомонаи расмии УЕФА хабар медиҳад, ки   нимҳимоятгари “Вилярреал” Ереми Пино (18 сола ва 218 рӯз) – ҷавонтарин футболбози испание гардид, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаҳои аврупоӣ дар  ҳайати асосӣ ба майдон баромадааст. Ӯ рекорди Икер Касилясро, ки  дар 19 солагияш дар финали Лигаи чемпионҳои УЕФА-1999/00 иштирок кардааст, бекор  намуд. “Вилярреал”  дар финали Лигаи Аврупо «Манчестер Юнайтед»-ро (1:1, аз рӯйи пеналтӣ 11:10) шикаст дод. Пино дар  синни  18 солу  218 рӯзагияш ғолиби мусобиқот гашта, рекордгузори мусобиқа гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив