LIVE

"Хатлон" бо сармураббӣ шартномаашро тамдид намуд

Имрӯз бо иштироки раиси дастаи футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар Исроил Шарипов ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ капитан ва дарвозабони тими миллии кишвар, мутахассиси футболи тоҷик Аслиддин Ҳабибуллоев шартномаи ҳамкорӣ барои боз ду соли дигар тамдид карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки Аслиддин Ҳабибуллоев дар давоми фаъолияти касбияш ба гирифтани ҷоизаҳои зиёде мушарраф гардидааст. Аз ҷумла, барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2009, соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо дастаи “Вахш” дар соли 2010 мебошад. Ҳамчунин дар соли 2009 мураббии беҳтарини сол дониста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив