LIVE

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба дастаи дигари Лигаи олӣ даъват шуд

Мутахассиси таҷрибадори тоҷик, собиқ сармураббии бошгоҳи «Куктош» - Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо тими футболи "Истаравшан" шартнома хоҳад баст. Ба иттилои худи мураббии 55 сола масъулияти омода намудани дастаро ба мавсими нави футбол ба уҳда гирифтааст ва интизор меравад, ки ӯ расман рӯзи 17-уми феврал ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, дар қарордод имзо мегузорад.
Ёдовар мекунем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев моҳи июли соли гузашта сармураббии “Кӯктош” гардида, моҳи феврали соли 2021 бо розигии ҷонибҳо шартнома бо дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бекор карда шуд. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев бо дастаи "Регар-ТадАЗ" борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив