LIVE

Давид Де Хеа аз Роналду пеш гузашт

Бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» натиҷаҳои овоздиҳиро барои дарёфти унвони беҳтарин бозигари даста дар моҳи декабр ҷамъбаст кард. Дар ин назарсанҷӣ дарвозабон Давид Де Хеа бо ба даст овардани 73 дарсади овозҳо дар ҷои аввал қарор гирифт.  Ба сегонаи беҳтарини моҳ инчунин Криштиану Роналду (22%) ва Фред (5%) шомил гардиданд.  Моҳи декабр Де Хеа дар 5 бозӣ 4 гол ба дарвозаи худ сар дода буд. Дарвозабони испанӣ барои дувумин бор паиҳам беҳтарин бозигари моҳ дар "Манчестер Юнайтед" дониста мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив