LIVE

"Монако" сармураббии навашро муаррифӣ кард

Бошгоҳи фаронсавии "Монако" сармураббии ҷадиди дастаро муаррифӣ намуд. Сармураббии нави даста Филипп Клемани белгиягӣ интихоб шудааст. Шартномаи даста то соли 2024 бо муттахассиси 47 сола эътибор дорад. Аз тобистони соли 2019 Клеман бошгоҳи "Брюгге"-ро роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии ӯ "Брюгге" ду маротиба қаҳрамони Белгия, Суперҷоми кишвар ва ҳамчунин дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бозӣ кардааст. 
Чанде қабл бошгоҳи "Монако" Нико Ковачро аз симати сармураббигӣ барканор намуд. Мутахассиси 50-солаи хорватӣ аз тобистони сол2020 дастаро роҳбарӣ менамуд. Сабаби барканории Ковач ин муносибати бади ӯ бо футболбозон будааст. Дастаи "Монако" баъди 19-даври рақобатҳо дар зинаи 6-уми ҷадвал аст.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив