LIVE

Беҳтарин ҳунарманди “Театри орзуҳо” 80 сола шуд

Шахсе, ки барои шинос намуданаш ҳоҷате нест. Нафаре, ки дар футбол инқилоб намудааст. Алекс Фергюсони бузург ба синни мубораки 80 солагӣ қадам монд. Дастовардҳои Фергюсон дар тӯли фаъолияти сармураббигиаш:   

• 13 ғалаба бо  «Манчестер Юнайтед» дар ПЛА;

• 5 Ҷоми Англия;

• 4 Ҷоми Лигаи Футбол;

• 10 Суперҷоми Англия;

• 2 Лигаи Қаҳрамонҳо;

• 1 камбэки таърихӣ:

Ғалабаи “Манчестер Юнайтед” бар муқобили “Бёрнли” туҳфаи хубе буд, барои рӯзи таваллуди Фергюсони бузург. “Девҳои сурх” бо овардани овезаи зебое ӯро табрик намуданд. Мо ҳам Сэр Алекс Фергюсонро аз номи кулли мухлисони тоҷик 80-солагиашро табрик намуда, ба ӯ ибтидо умри дарози бобаракат таманно менамоем. Бигзор то охири умр шоҳиди ғолибиятҳои пайдарпайи “Манчестер Юнайтед”, ҳунарнамоиҳои зебо дар “Театри орзуҳо” ва дастгириҳои дидании “Девҳои сурх” бишавад. 80-солагӣ муборак Сэр Алекс Фергюсони дастон! 

HP

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив