LIVE

Клопп: "Лестер" сазовори ғалаба буд

Сармураббии "Ливерпул" Юрген Клопп баъд аз нокомии дастааш аз тими "Лестер" бо ҳисоби 1 бар 0 назарашро чунин баён намуд. 
 «Мо ба худ монанд набудем. Мо хуб оғоз кардем, ба ман ҳаракатҳои саросемавор маъқул нашуд, аммо баъзан чунин мешавад. Баътар ритмро гум кардем ва онро баргардонда натавонистем. Ҳадди ақал мо лаҳзаҳое доштем, ки метавонистем беҳтар бозӣ кунем.
Бар муқобили Мэддисон, Варди ва Ихеаначо бозӣ кардан душвор буд. Мо аз ҳад зиёд ба шитобкорӣ даст задем, ба ҷои партофтҳои иловагӣ, мо кросҳои бемақсад иҷро кардем. Дар вакти танаффус кушиш кардем, ки онро иваз кунем, вале имруз бо чӣ сабаб нашуд. “Лестер” гол зад, мо зери фишор қарор гирифтем, фишор овардем, аммо аз фурсатҳои худ истифода набурдем.
Аммо ман фикр мекунам, ки мо ба таври зарурӣ бозӣ карда натавонистем ва ин сабаб дорад, зеро баргузории бозиҳо баъд аз ҳар се рӯз ин ғайри имкон аст. Ба ҳар ҳол “Лестер” сазовори се хол шуд ва барои он арзанданиз буд. " гуфтааст Клопп.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив