LIVE

Клопп: «Ливерпул» сазовори шикаст буд

Сармураббии «Ливерпул» - Юрген Клопп аз бозии дастпарваронаш бар муқобили «Челси» дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия (0:2) натиҷагирӣ кард.
Бо «Челси» вохӯрии кушода буд. Дар қисми аввал мо имкон доштем, ки гол занем ва 3-4 зарба паёпай иҷро кардем. Мане ба голзанӣ наздик буд. Ба мо футболбозони нав лозим. Ба ҳамин хотир тағйиротҳо ворид кардам. «Челси» бар муқобили мо аз контрҳуҷумҳо кор гирифт, ин хуб аст. Дар маҷмуъ бозии «Ливерпул» ба ман писанд омад. Мо бояд беҳтар шавем ва инро ҳама эҳсос мекунанд. Се ҳафтаи сипаришуда барои мо бадтарин ҳафтаҳо буданд, аммо ҳафтаи боқимондаро мо бояд самаранок истифода кунем ва онҳо беҳтарин давраи мавсим гарданд. 
Имрӯз «Ливерпул» сазовори нокомӣ аз «Челси» буд. Онҳо ду маротиба голзанӣ карданд. Дар ҳарду ҳолат мо ба иштибоҳ роҳ додем. Мо барои бозӣ бо «Борнмут» омода мешавем, на бар муқобили «Атлетико», иқрор шудааст: Клопп ба BBC.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив